Қ А Р О Р 16 декабри соли 2016 №114 ш. Душанбе

Қ А Р О Р

16 декабри соли 2016 №114 ш. Душанбе

Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти кори раёсат, шуъба, бахш, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017

Ҳайати мушовара натиҷаи фаъолияти кори раёсат, шуъба, бахш, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар соли 2016 муҳокима намуда қайд менамояд, ки дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои супоришҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Бо дарназардошти корҳои иҷрошуда мутобиқи нақшаи кории Кумита дар соли 2016 ва таклифу пешниҳодҳо ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:

1. Ҳисоботи раёсат, шуъба, бахш, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
2. Сардорони раёсат, шуъба, бахш, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баҳри амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Муовини якуми Раиси Кумита Абдуалимзода А., сардори Раёсати шаҳрсозӣ Искандаров Ф.С. ва роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи “Равзанаи ягона” чораҳои дахлдор андешанд.
4. Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ (Таваров Р.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро дар сохтмони биноҳо ва иншоотҳо зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати таъмини иҷрои банди 23 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №69 сохтмони иншоотҳои аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи ташхисӣ ва бе иҷозат ҷараёндоштаро боздошта, барои бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ чораҷӯӣ намояд:
- таъмини иҷрои Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №429 тасдиқ шудааст, таҳти назорат гирифта, дар кори комиссияҳои давлатии қабул иҷрои муқаррароти Тартиби мазкурро дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалӣ намояд;
- санҷиши сифати корҳои сохтмониро дар иншоотҳои НБО “Роғун” пурзӯр намуда, оид ба пурра намудани гуруҳи корӣ ва ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои зарурӣ андешад. Иҷрои амрномаҳои додашударо зери назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Кумита ахбор пешниҳод намояд;
- оид ба рафти сохтмон дар объектҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ҳар моҳ ба Кумита ахбор манзур намояд;
- барои таҷҳизонидан ва ба кор даровардани озмоишгоҳи Хадамот чораҳои мушаххас андешад.
5. Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (Файзуллозода Н.Қ.) вазифадор карда шавад:
- фаъолияти худро дар таъмини назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, аз ҷониби иҷозатномагирандагон беҳтар намуда, оид ба саривақт тамдид намудани иҷозатномаҳои муҳлаташон гузашта чораҳои зарурӣ андешад;
- нисбати ташкилотҳои лоиҳакашие, ки лоиҳаҳои онҳо ба талабот ҷавобгӯй нестанд ва беасос арзиши корҳоро ҳангоми таҳияи харҷномаҳо зиёд менамоянд, якҷоя бо Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ чораҷӯӣ намояд;
- сатҳи масъулиятнокии ташкилотҳои сохтмонии муҳлати амали иҷозатномаашон ба охир расидаро, бо риояи ҳатмии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 муайян намуда, омӯзиши фаъолияти корхонаҳои лоиҳакашӣ ва сохтмониро бо таъсиси базаи ягонаи ҳисоби ҳаҷми иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монда, ҳар семоҳа оид ба иҷрои ҳаҷми корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ташкилоту корхонаҳо ахбороти муфассал манзур намояд;
6. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (Саъдуллозода С.), Корхонаи воҳиди давлатии “Ташхисгар” (Холов Р.) вазифадор карда шаванд, ки назорати риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати лоиҳаҳо, махсусан харҷномаҳои онҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохта мешаванд, чораҳои мушаххас андешанд.
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро, ки мутобиқи МҚС Ҷ.Т.11-01-2005 бо дарназардошти қисмҳои таркибии лоиҳа - «ташкили сохтмон» ва «ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ» таҳия шудаанд (барои иншоотҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб), барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ қабул намояд;
- қабули лоиҳаҳои сохтмони иншоотро бо дарназардошти технологияҳои каммасрафи барқӣ ва пайвастшавӣ бо хатҳои муттамаркази гармитаъминкунӣ ба роҳ монад;
- иҷрои супориши протоколи машварати корӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва ташхиси лоиҳаҳо аз 12 июли соли 2016 таъмин карда шуда, дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2017 аз натиҷаи чораҷӯӣ гузориши Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ шунида шавад;
7. Фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ новобаста аз шакли моликияташон, иҷрои корҳои сохтмониро бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намоянд.
8. Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти назоратӣ дар ҳайати гуруҳи корӣ гузаронидани санҷишҳои муштаракро идома дода, аз натиҷаи санҷишҳо ахбор манзур намоянд.
9. Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ (Назаров А.С.) вазифадор карда шавад, ки санҷиши фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводҳои сохтмониро дар миқёси ҷумҳурӣ, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати саноат ва технологияи нав, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии Сохтмон ва меъморӣ» идома дода, оид ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда маълумотнома пешниҳод намояд.
10. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашии системаи Кумита (Ишанов Б.М., Мализода Б.Ҳ., Худойдодов Н.Х.,Умаров У.Х., Султонзода М.С.) ва дигар ташкилоту корхонаҳои лоиҳакашӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ:
- сифати корҳои лоиҳакаширо баланд бардошта, лоиҳаҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосирро бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир роҳандозӣ намоянд;
- барои бо сифати баланд таҳия намудани нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор диҳанд;
- барои ба кор ҷалб намудани мутахассисони болаёқат, баланд бардоштани малака ва савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
11. Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон (Боев А.) ва Корхонаи воҳиди давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (Умаров У.Х.) тадқиқотро дар самти энергиясамаранокии биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ ба роҳ монда, лоиҳаҳои намунавии энергиясамараноки хонаи истиқоматӣ, бинои маъмурӣ ва мактаби таҳсилоти умумиро таҳия намояд;
- барои таҷҳизонидани озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонии пажуҳишгоҳ чораҳои мушаххас андешида шавад;
- барои ба анҷом расонидани воридсозии тағйиру иловаҳо ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозии амалкунанда чораҷӯӣ карда шавад.
12. Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” (Каримов А.Р.) барои ба таври объективӣ муайян намудани арзиши корҳо ва нархи масолеҳ чораҷӯиҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, бо мақсади дастгирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ барои ба Ахборотномаи ҳарсемоҳаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ворид намудани маводҳои истеҳсоли ватанӣ бо корхонаю ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ намояд;


- барои ворид намудани тағйирот дар системаи амалкунандаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта чораҷӯӣ карда шавад;
- лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ» барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ пешниҳод карда шавад;
- маҷмӯаи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ оид ба захираҳои асосии масолеҳи сохтмонӣ дар соҳаи сохтмон аз оғози соли 2017 бо забони давлатӣ ба субъектони соҳаи сохтмон пешниҳод намояд.
13. Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” вазифадор карда шаванд, ки барои бо сифати баланд таҳия намудани лоиҳаҳои тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
14. Бо роҳбарии Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.) Комиссияи корӣ таъсис дода шуда, амалигардонии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳоро мавриди санҷиш қарор дода, ҳамзамон таҳлили кори корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш” ва ҳамкории онҳоро бо мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ҷояш омӯхта, то ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2017 ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.
15. Роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:
- татбиқи нақшаҳои генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявиро дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда ба роҳ монда, амалигардонии онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
- мавриди баррасии масъалаҳо вобаста ба интихоб ва додани қитъаҳои замин барои сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун хулосабарориро танҳо дар асоси талаботи нақшаи генералӣ, нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ бо дарназардошти риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда, хулосаҳои дахлдори сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияро ба инобат гиранд;
- дар якҷоягӣ бо Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, фаъолияти худро нисбати назорати сохтмони биноҳо ва иншоотҳои сохташаванда ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд;
- маълумотро оид ба додани иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмон дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза, тибқи талаботи қисми 6 моддаи 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон мунтазам манзур намоянд;
16. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ (Самизода Ҳ.) барои беҳтар намудани фаъолияти мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тавассути КВД “Маркази татбиқи равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” тадбирҳои мушаххас андешанд.
17. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.) ва Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) вазифадор карда шаванд, ки барои омода намудани меъморон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
18. Раёсати шаҳрсозии Кумита (Искандаров Ф.С.) ва бахши кадрҳо (Юсупов Б.С.) вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш, малакаи касбӣ ва мувофиқат ба вазифаи ишғолкарда, шарт ва ҷадвали баргузории аттестатсияи меъморон-лоиҳакашони ташкилоту муассисаҳои лоиҳакаширо омода намуда, иҷроиши онро дар семоҳаи аввали соли 2017 ба роҳ монанд.
19. Муовини якуми Раиси Кумита (Абдуалимзода А.), Раёсати шаҳрсозӣ (Искандаров Ф.С.) ва шуъбаи ҳуқуқ (Нурализода Ш.Ш.) вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додани талаботи қонунгузории соҳаи сохтмон ва мукаммал намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
20. Сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо:
- ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумита тадбирҳои зарурӣ андешанд;
- то охири моҳи декабри соли ҷорӣ обунашавиро ба «Рӯзномаи бинокорон» ва маҷаллаи “Меъморӣ” тибқи нақша-супориши обунашавӣ таъмин намуда, аз натиҷааш ахборот пешниҳод намоянд;
- ҳисоботҳои фаъолияти ҳар семоҳаро пурра ва мукаммал, бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявӣ, дарҷи пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта манзур намоянд.
21. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳияташон вогузор карда шавад.


Раиси ҳайати мушовара Ҷ.Аҳмадзода

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво