10 декабр 2018, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон

44
Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон ширкат карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тобонидани ҷумак ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1” амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, ба он дастрасӣ пайдо карданд.

Дар чаҳорчӯбаи тадбиқи ин лоиҳа хатҳои магистралии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии умумии 12 ҳазору 384 метр ба анҷом расонида шуд. Инчунин барқарорсозии 4 стансияи насосии барориши 2-юм, навсозии 8 чоҳи амудӣ бо васл кардани таҷҳизоти барқиву насосӣ, сохтмони 7 чоҳи амудӣ, кашидани хати баландшиддат дар масоҳати 1700 метр ва гузоштани 5 зеристгоҳи барқӣ, кашидани хати технологӣ бо қубурҳои полиэтилинии қутрашон гуногун дар масофаи 2650 метр, ободонии ҳудуди обанбори марказӣ, мумфарш намудани роҳ аз обанбор то маркази шаҳр, сохтмони бинои хлоркунӣ ва таъмири бинои анбори нигоҳдории маводи безараргардонӣ, ивази зеристгоҳи барқӣ дар обанбори марказӣ сифатан хуб сомон дода шуд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳамин ҳадафҳо Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон соҳиби 7 адад техникаи коммуналӣ низ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи тадбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво