Марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ
852
Масъалаи марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ ва барои аз вазъияти ногувор баровардани Корхонаи фаръии обу ткорези шаҳри Хоруғ дар мулоқоти Шодихон Ҷамшед, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҳайати намояндагони Барномаи барқарорсозии шабакаҳои обрасонии давлати Олмон, ки бо роҳбарии Брайн Ҷонс дар ин вилоят қарор дорад, баррасӣ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, намояндагони Барномаи барқарорсози шабакаҳои обрасонии давлати Олмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар навбати аввал шакли ҳозираи фаъолияти корхона мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тартиби дурусти фаъолияти минбаъдаи он муайян хоҳад гашт. Шодихон Ҷамшед таъкид намуд, ки маблағи ҷудогардида бояд мақсаднок истифода бурда шавад, то натиҷаҳое, ки роҳбарияти вилоят ва сокнони шаҳри Хоруғ аз амалишавии ин лоиҳа интизорӣ доранд, ба даст оянд. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки амлисозии лоиҳаро дар фурсати кӯтоҳтарин оғоз намуда, баҳри анҷоми босифати он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |