Главная > Навидҳо > Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ шуд


8-04-2022, 16:01.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ шудТаҳти раёсати муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда ҷиҳати баррасии «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар ҷаласа лоиҳаи «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ гардида, нақшаҳои минбаъда ҷиҳати мувофиқа ва баимзорасонӣ муайян карда шуданд. Зикр гардид, ки лоиҳаи барномаи мазкур дар доираи вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баррасӣ гардида, афзалияти он бо афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шуданд.

Барномаи кишварӣ бо «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025», инчунин бо «Созишномаи чаҳорчӯбаи СММ барои солҳои 2023-2026» ҳамоҳанг карда шудааст. Он ба амалисозӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ҳамзамон дастгирии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Вернуться назад