Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта 10 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли гузашта 10 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд


20-01-2017, 11:29.
Соли сипаришуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 адад корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 495 нафар сокинон бо ҷои корӣ таъмин шуданд.
Дар ин бора раиси ноҳия Зариф Назирӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Зариф Назирӣ ифтитоҳи корхонаи бузурги саноатии «Хуаксин Ғаюр-Суғдсемент»-ро падидаи нек дар ноҳия арзёбӣ намуда, илова намуд, ки нишонаҳои аввалини ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфтани ноҳия пайдо гардидаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 612 миллион сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 276 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вернуться назад