Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


16-11-2021, 17:09.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 ноябри соли 2021 дар Кумитаи меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии имрӯза вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисод, муҳтарам Назирӣ Гулбаҳор ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор инчунин кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. дар сухани ифтитоҳии худ гуфт:
-Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳар сол санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
16-уми ноябр дар ҳаёти миллати тоҷик санаи тақдирсоз ва фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад. 16-уми ноябри соли 1992 дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфт ва Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд.
Ин санаи тақдирсоз дар ҳаёти иҷтимоии халқи тоҷик саҳифаи нави таърихиро бунёд гузошт. Аз ин ҷиҳат эълон гардидани 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» амри бисёр воқеист. Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсади ҷамъомади имрӯзаи мо низ арҷгузорӣ ба заҳмат ва талошҳои ҳамарӯзаи Президенти мамлакат мебошад.
Заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулёбии давлат ва рушду нумӯи ватани азизамон ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили роҳбароне мебошанд, ки шахсияти сиёсии он кас дар ҳар лаҳзаю ҳар қадам пеши назари мардум шакл гирифта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.
Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.
Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, албатта бо сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик сурат гирифтаанд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат шоҳиди он ҳастем, ки ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддасамон – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва сохта ба истифода супоридани иншоотҳои таъиноташон гуногун бомаром амалӣ гардид ва идома доранд, ки ин ҳам бошад барои рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам овардан аст.
Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд ва мо бо он кас ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.
Суханҳои зерини Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидояткунандаи пешрафт ва тараққии ватани азизамон гардидааст: «Ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!
Каримзода А.Р. ҳозиринро бо ин санаи бузург аз номи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Раиси Кумита муҳтарам Маҳмадсаид Зувайдзода, самимона табрик намуд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулбаҳор Назирӣ ба сухан баромада қайд намуд, ки азму талошҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гаштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати дарҳои боз, ки заминаи он маҳз аз ҷониби ин шахсияти бузург гузошта шуд, ҳамчун як консепсияи амалгароёна ва сулҳомез натиҷаҳои назаррас дода, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло бурд.
Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои сокинони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор дар суханронии худ қайд намуд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун меъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд.
Ў ҳамчунин суратгузорише аз ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Эмомалӣ Раҳмон офтоби бахти тоҷикони дунё» ба аҳли толор пешниҳод намуд, ки ҳама бо мароқ тамошо карданд.
Сипас, мудири бахши кадрҳои Кумита Зарифзода Почохон, мутахассиси Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумита Раҳматова Мавҷуда оид ба фаъолияти Сарвари давлат ва дастовардҳои солҳои истиқлоли кишвар суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода А.Р. изҳори умедворӣ намуд, ки аҳли кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти соҳаи сохтмон равон намуда, барои боз ҳам шукуфоии мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд ва сазовории боварии Пешвои муаззами миллат мегарданд.
Д.Нуозода,
“РБ”
Вернуться назад