Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Рустами Эмомалӣ: Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки иқтисодиёти Тоҷикистон муназзам рушд намояд

Рустами Эмомалӣ: Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки иқтисодиёти Тоҷикистон муназзам рушд намояд


14-10-2021, 16:41.
Рустами Эмомалӣ: Татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ имкон дод, ки иқтисодиёти Тоҷикистон муназзам рушд намояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкор ва пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» баргузор гардид. Форуми мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар оғози Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври маҷозӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин форуми бошукӯҳро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки Форуми мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Фазои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус пойтахти он- шаҳри Душанбе бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардида, ба марҳилаи сифатан нав баромад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин зикр намуданд, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имконият ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд.
Дар ҷараёни Форум муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид гуфт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 190 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, дар ин миён соҳибкорони ватанӣ бо зиёда аз 100 кишвар робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд.
Зикр шуд, ки ҳадафи Форум аз муаррифии имконияти сармоягузорӣ, фаъол гардонидани раванди ҷалби сармоя, таҳкими раванди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, баланд бардоштани неруи содиротӣ, густариш додани ҳамкории соҳибкорону сармоягузорон байни давлатҳо, таъмин намудани имконияти рушди соҳибкории муосир ва дар маҷмӯъ, мусоидат ба вусъат бахшидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ вобаста ба саноатикунонии мамлакат иборат буда, ба таҷлили ҳамасолаи Рӯзи соҳибкор рост меояд.
Дар Форуми мазкур қариб 400 нафар меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд иштирок намуданд. Дар доираи баргузории Форуми мазкур миёни субъектҳои бахши давлатию хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон 11 санади нави ҳамкорӣ дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуданд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум кори минбаъдаи он дар 5 панели алоҳида дар мавзӯъҳои «Саноатикунонии босуръати кишвар- ҳадафи чоруми миллӣ», «Рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тоҷикистон-имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика», «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома ёфт.

Инчунин дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар сиғаи «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардид. Дар доираи форуми мазкур иштирокчиён аз намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2021» дидан намуданд.
Дар доираи Форуми мазкур меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат аз соли 2014 инҷониб 14 октябр Рӯзи соҳибкор эълон гардидааст. Дар доираи санаи мазкур ҳамасола дар мамлакат Форуми сармоягузорон баргузор гардида, дар кори он, аз ҷумла садҳо соҳибкорону сармоягузорони дохилию бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ иштирок мекунанд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳир САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»


Вернуться назад