Главная > Навидҳо > СИФАТИ БАЛАНДУ НАРХИ ДАСТРАС! Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт

СИФАТИ БАЛАНДУ НАРХИ ДАСТРАС! Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт


13-10-2021, 18:15.

Намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ» дар Маҷмааи варзишии «Манеж» оғоз гардид.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, махсусияти намоиш дар он зоҳир мешавад, ки дар ярмарка молу маҳсулоти ширкатҳои пешбар, ки маҳсулоташон ивазкунандаи моли воридотист, пешниҳод гардидаанд. Маҳсулот дар соҳаҳои зерин манзур карда мешаванд: саноат, сохтмон, сайёҳӣ.

Тавре ташкилкунандагони намоиш иброз доштанд, ҳадаф аз баргузории он ҷалби таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба молу маҳсулоти ватанӣ, табодули таҷриба миёни соҳибкорон, инчунин ташкили ҳамкории судманд миёни соҳибкорони хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорон мебошад.

Меҳмонони намоиш-ярмарка метавонанд маҳсулоти баландсифат, аз ҷумла мебел, маҳсулоти хӯрокворӣ, либос, матоъҳои абрешимӣ, адрас ва атласи истеҳсоли Узбекистон, маҳсулоти косибиро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Миёни иштирокчиёни намоишгоҳ ширкатҳо, ба монанди «Саноатсодиротбонк», «Спитамен Суғурта», «Тоҷфилиз», «Строй-сентр», «Файзи Расул», «Амирӣ», «Комбинати орди Душанбе», «Сиёма», «Исфарафуд», «САТН», «Ҷавонӣ» ва дигарон ширкат доранд.

Намоиш-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Намоиш-ярмарка кори худро 15 октябр ба анҷом мерасонад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»


Вернуться назад