Главная > Навидҳо > 19-20 октябр дар Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор мегардад

19-20 октябр дар Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор мегардад


13-10-2021, 15:45.

19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор мешавад, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Ярмаркаи мазкур чандин сол аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, мақсад аз баргузории он рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд буда, дар доираи он ташкили форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши тиҷоратии минтақавӣ шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намоянд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд


Вернуться назад