Главная > Навидҳо > Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд

Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд


13-10-2021, 08:41.

Дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар майдони ҳавоии шаҳри Анқара бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия-Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид намуданд. Тарафҳо ҳамзамон нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкории байнипарлумонӣ ва ба таври умум ҳамкории байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Туркия назаррас хонда, хостори густариши бештари ҳамкорӣ миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҳолати муносибат ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия табодули афкор намуданд.

Худи ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз оромгоҳи муассис ва раҳбари аввали Ҳизби Ҷумҳуриявии Халқии Туркия, аввалин Президенти Ҷумҳурии Туркия, асосгузори давлати муосири Туркия Мустафо Кемал Отатурк дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи ин абармарди таърих гулчанбар ва соядаст гузошт.
Вернуться назад