Главная > Навидҳо / Фарҳанг / Истиқлолият > «Тараннуми Истиқлол». Таҳти чунин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир шуд

«Тараннуми Истиқлол». Таҳти чунин унвон дар Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ доир шуд


4-09-2021, 10:02.

3 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» ва иштироки шоирону оҳангсозон маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни маҳфил иштирокдорон аз муваффақияти замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванд арзиши олӣ дошта, азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи щарафу намуси ватанорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд, заминаи асосии ободокориву кору пайкорҳои созандагӣ, нерубахши ҳаёти осоиштаи ҳамарӯзаи мо мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зикр намуд, ки «Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне баст омад, ки дигар кишварҳои дигар ҳам аз ҳамин гуна неъмат дар Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравӣ бархурдор шуданд, аммо дар он замон ба сари миллати тоҷик баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ фоҷиаи бисёр сахт омад, ки ин оғози ҷанги шаҳрвандӣ буд. Хушбахтона, фарзандони фарзонаи миллат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷангро хомӯш намуданд. Ҳамин аст, ки аз ҳамон вақт инҷониб миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодааст. Аз-ин рӯ месазад, ки мо шаҳрвандон қадри ин зиндагии шоистаро донем».

Ба гуфти шоири ватансаро Абдуллои Раҳнамо, «аслан калимаи тараннум ба маънои лаҳни зебо, бо садои хуб, бо оҳанги латиф васф кардани чизест. Имрӯз мо бузургтарин муқаддасоти худ- Истиқлолияти давлатиро тараннум мекунем, яъне ба ин маъно, ки мо дар партави истиқлол зиндагӣ дорем».

Мавсуф ҷашни Истиқлолияти давлатиро модари тамоми ҷашнҳои миллии халқи тоҷик арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки ин ҷашни таърихиро ҳар оилаи мамлакат бояд дар хонавода дар сатҳи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн бигирад, то дар хотираи фарзандони онҳо ин сана нақш бандад ва ҳаргиз онро фаромӯш накунанд.

АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ


Вернуться назад