Главная > Навидҳо > Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи қариб 40 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудааст

Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи қариб 40 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудааст


21-07-2021, 14:31.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ҳаҷми сармоягузории мустақим ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба 10,8 млн сомонӣ баробар гардид. Ҳамзамон бозори фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои ин минтақа боз ҳам фарохтар шуда, маҳсулоти он ба ғайр аз дохили мамлакат инчунин ба кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Германия, Ироқ ва Туркия содир гардид.

Ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои минтақа дар ин давра нисбат ба шашмоҳаи соли 2020 20,2 млн сомонӣ зиёд гардида, ба 39,6 млн сомонӣ расонида шуд.

Дар ин бора 21 июл зимни нишасти матбуотӣ роҳбари МОИ «Суғд» Илёсиддин Камолитдинзода ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ “Ховар” Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст иброз гардид, ки айни ҳол аз 31 корхонаи ҳамчун субъект ба қайд гирифташуда 21-тоаш фаъолияти мунтазам доранд. Дар МОИ “Суғд” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҷойи кори нав ташкил шуда, ҳоло миқдори умумии ҷойҳои корӣ ба 716 адад расидааст.

Таъкид гардид, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2021 аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба буҷаи давлат 2,6 млн сомонӣ маблағи андозҳо (андози даромад ва андози иҷтимоӣ) ва 12,4 млн сомонӣ пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда пардохт гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 0,8 млн сомонӣ ва 4,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ давоми шаш моҳи аввали соли 2021 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 118,2 млн сомонӣ баробар гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 52,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад.


Вернуться назад