Главная > Навидҳо > Тоҷикистон ва Америка оид ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули афкор намуданд

Тоҷикистон ва Америка оид ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули афкор намуданд


16-07-2021, 10:49.

15 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ва Намояндаи вежаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо COVID-19, густариши ҳамкории минтақавӣ, муқовимат бо терроризми байналмилалию ифротгароӣ ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Вернуться назад