Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» мавриди истифода қарор дода шуд

Бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» мавриди истифода қарор дода шуд


6-07-2021, 11:03.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» бо маблағи 2 925 711 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» аз 3 ошёна ва 110 кат иборат буда, дар он барои истироҳаткунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар бинои мазкур ҳавзи шиноварӣ ва мавзеҳои нави истироҳатӣ низ ташкил шуда, шароити фароҳамгардида имконият медиҳад, ки ба сокинону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии истироҳатгоҳ ба сифати иншооти сохташуда баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳо ба роҳбарияти истироҳатгоҳ тавсияҳо дод.
Вернуться назад