Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 485 иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд имкони ташкили 2000 ҷойи кори навро фароҳам овард

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 485 иншооти гуногун дар шаҳри Хуҷанд имкони ташкили 2000 ҷойи кори навро фароҳам овард


23-06-2021, 11:29.

Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд сохтмон, таъмир ва навсозии 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Корҳо дар ин самт идома доранд. Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ ба ифтихори санаи ҷашнӣ барои ятимон ва кӯдакони бе сарпараст муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад.

Тавре аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳудуди маҳаллаи Бофанда бо дарназардошти меъёрҳои муосир ва тамоми шароити зарурӣ кӯдакистони нав барои тарбия ва таҳсили 200 тифл бунёд мешавад.

Бинои нави муассисаи томактабӣ дуошёна буда, аз 7 синфхона ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар саҳни ҳавлии он 7 айвони тобистона барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ва тарбияи ҷисмонӣ сохта мешавад.

То моҳи январи соли 2021 дар Хуҷанд 46 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла 32 кӯдакистони давлатӣ, 14 кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 8600 кӯдак таълиму тарбия мегиранд.

Умуман, то ҳол аз миқдори умумии иншооти дар Хуҷанд банақшагирифташуда аллакай 485 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд, инчунин зиёда аз 2000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Вернуться назад