Главная > Навидҳо > Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо иштироки Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо иштироки Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид


4-05-2021, 12:52.

Имрӯз бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 май таҷлил мешавад, дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи андоз хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, кормандони андозро бо иди касбиашон табрик намуд ва ба онҳо дар фаъолияташон ҷиҳати ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои давлатӣ муваффақият таманно намуд.

Давлаталӣ Саид алоҳида зикр намуд, ки сатҳи иттилоотӣ ва рақамисозии Кумитаи андоз яке аз сатҳҳои пешрафта дар байни ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷаласа чун анъана кормандони фаъоли мақомоти андоз бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» ва ифтихорномаҳои Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуда, ба онҳо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва ғайринавбатӣ дода шуданд.


Вернуться назад