Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуд

Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуд


14-04-2021, 09:10.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён рафта, нахуст корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сохтмони корхонаи мазкур бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, моҳи сентябри соли 2020 ба маблағи 3,3 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов оғоз гардид. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ бо маоши баланд ҷалб гардиданд.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» моҳи марти соли равон дар масоҳати 0,38 га бо фарогирии коргоҳи истеҳсолӣ дар майдони 0,05 ба анҷом расонида шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона -40-45 тонна яхмос дар як моҳро дар бар мегирад.

Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ бо маоши баланд таъмин гардидаанд. Айни замон Корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» 38 намуд яхмос истеҳсол менамояд.

Маҳсулоти исҳтеҳсолнамудаи корхона дар бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба савдо бароварда мешаванд. Аз ҷониби корхона 7 техникаи махсус барои таъмини саривақтии маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯш ташкил карда шудааст.

Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз гармхонаи шаҳрванд Азамат Абдураҳмонов дидан намуданд.

Гармхонаи мазкур дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар майдони 1 гектар бунёд гардида, дар он помидор парвариш карда мешавад.

Дар гармхона 25 ҳазор ниҳоли помидор шинонида шуда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Азамат Абдураҳмонов мақсад дорад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ намуда, гармхонаро то 2 гектар васеъ намуда, дар як сол се-чор маротиба ҳосил ба даст оварад.

Дар гармхона усули обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, гармидиҳии он бо ангишт таъмин карда мешавад. Айни замон дастранҷи ин марди деҳқон ғарқи ҳосил буда, ба пухтан даромадааст. Ҷамъоварии ҳосил аз 15 апрел оғоз мегардад.

Мавсуф ҳамзамон дар 0,14 га замини наздиҳавлигии худ гармхона ташкил намуда, дар он лимӯ ва бодиринг парвариш мекунад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба заҳмати кашидаи Азамат Абдураҳмонов баҳои баланд дода, ба ӯ барои бо ҷои кор таъмин намудани занони хонанишин минатдорӣ баён намуд.
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуд

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи тиббӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад, дидан намуданд.

Дар асоси санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли 2018 имзо шуданд, дар майдони 5,0 гектар сохтмони беморхонаи бисёрҷабҳаи дорои 200 кат оғоз гардида, корҳо бомаром идома доранд.

Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сангу шағал аз карйерҳои ноҳия ва семент аз ҶДММ «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон ба тариқи шартнома дастрас карда мешавад.

Ба корҳои сохтмонии иншоот 10 адад техника, 1 крани борбардор, 2 бели механикӣ, 1 экскватор, 1 мошини тамғаи портер, ду адад мошини бетоншурӣ, ду адад мошини боркашонӣ ҷалб карда шудаанд. Корҳо дар ҳама бинову иншооти сохташаванда идома дошта, рангпардозии намои биноҳо дар тамоми биноҳои маъмурӣ-табобатӣ ва дигар иншооти ёрирасони он бо маром идома доранд.

Инчунин сохтмони деворҳои иҳотавии иншоот қисман аз блоки сементӣ ва панҷараҳои металлӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои ободгардонӣ ва шинонидани гулу дарахтони сояафкан ва ороишӣ дар қисмати асосии даромадгоҳ ва атрофи биноҳо ба анҷом расида, роҳи паҳлуии мошингарди байни боғи фарҳангии ноҳия ва беморхонаи сохташаванда бо паҳноии 8 метр ва дарозии 180 метр ба итмом расонида шуд.

Таҷҳизот ба Маҷмааи мазкур пурра ворид гардидааст.

Айни замон бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят дар мувофиқа бо пудратчиёни сохтмон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 0,50 гектар қитъаи замин дар майдони беморхонаи сохташудаистода барои сохтмони беморхонаи сироятӣ интихоб карда шудааст.
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ бахшиданд. Бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав аз 2 ошёна иборат буда, моҳи августи соли 2018 аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.
Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ»-ро ифтитоҳ намуд
Пудратчии сохтмон – ҶДММ «Бунён»-и шаҳри Душанбе буда, дар корҳои сохтмонӣ 14 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Масоҳати замини ҷудогардида барои иншооти мазкур 0,12 га буда, масоҳати бинои асосӣ – 270 м2 ва биноҳои ёрирасон 73 м2-ро дар бар мегиранд.

Корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дарахтони ороишӣ, аз қабили арча, гулҳои садбарг, виола, лола шинонида шудаанд ва роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд. Сарвазири мамлакат зимни боздид аз ҳар иншоот бо сокинон ва кормандон мулоқоти гарм анҷом дода, онҳоро ба ободкорию созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.


Вернуться назад