Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Фарҳанг > Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд

Дар Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода рамзи ҷашнӣ гузошта шуд


7-04-2021, 10:30.

Дар шаҳри Бӯстон ба ифтихори 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҷашнӣ гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Ҳамзамон чанде қабл қарори раиси шаҳри Бӯстон «Дар бораи таҷлили 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода» ба тасвиб расида буд. Дар он зикр карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллии сокинони шаҳр, тарғиби дӯстиву рафоқат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бошукӯҳ таҷлил карда шавад.

Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, баргузории якчанд барномаву озмунҳо, ба монанди «Беҳтарин донандаи ашъор», «Иншои беҳтарин», муаррифии осори Мирзо Турсунзода, ташкили конференсияю семинарҳо, баргузор намудани Ҳафтаи Турсунзодахонӣ, ташкил намудани маҳфили «Ширу шакар», омода намудани барномаи театрикунонидашуда, ташкили гӯшаҳои деворӣ, омода намудани сурудҳо аз ашъори шоир, баргузор намудани маҳфили адабӣ байни бонувони шаҳр таҳти унвони «Зан агар оташ намешуд…» ва ташкили барномаи шаҳрӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр дар назар дошта шудааст.


Вернуться назад