Главная > Навидҳо > Дар Душанбе дурнамои рушди шарокати стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд

Дар Душанбе дурнамои рушди шарокати стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуд


31-03-2021, 08:42.

30 март дар ҳошияи Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва МҲТБО табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон дар моҳи марти соли 2018 баҳои баланд дода, ҷадвали банақшагирифташудаи робитаҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ барои соли 2021-ро баррасӣ намуданд.


Вернуться назад