Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад

Дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад


17-03-2021, 08:34.

Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иқдоми шаҳрдории Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврӯзӣ» бунёд мешавад. Ҳоло дар ин макон охирин корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муаллифони ороиш Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев буда, дар ҳудуди «Боғшаҳри наврӯзӣ» аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта мешаванд.

«Боғшаҳри наврӯзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат мебошад. Дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр ва ду адад рамзҳои арчамонанди наврӯзии 11-метрӣ низ насб карда мешаванд.

Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврӯзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2021» гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврӯзӣ» хаймаҳои наврӯзӣ низ ташкил шуда, дар онҳо асосан туҳфаҳои наврӯзӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Ин мавзеъ бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ташкил гардидааст.
Вернуться назад