Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд


17-02-2021, 18:29.

Имрӯз, 17 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир, инчунин афзун гардонидани ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ табодули афкор намуданд.

Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар Созмон С.Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо Котиботи СААД ва ниҳодҳои он ҷиҳати пешбурди рӯзафзуни самтҳои авлавиятноки раёсат таъкид кард.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамоҳангсозии баъдии мавқеъҳо ва ба ҳам наздик сохтани равишҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни омодагии кишварро ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС аз ВКХ ҶТ


Вернуться назад