Главная > Навидҳо > Сангвор гулистон мешавад

Сангвор гулистон мешавад


9-08-2016, 13:36.
Аз ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Сангвор руҳу илҳоми тоза гирифта, барои рушду нумӯи диёри хеш ва Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талошҳои зиёде намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир ва комёбиҳои назаррас муваффақ гардидаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва комёбиву дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободанӣ, сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, биною иншоот, муассисаҳои маориф ва тандурустӣ, кабудизоркунии гулгаштҳову кӯчаҳо ба роҳ монда шудааст.
Бино ба иттилои сармеъмори ноҳия Ҳакимҷон Раҷабов, дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 32 иншоот, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳои дӯзандагию пазандагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдо идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бинои Суд ва марказҳои тиҷоратиро ба истифода медиҳанд. Мавриди истифода қарор гирифтани биною коргоҳҳои нав ба ҳусни маркази ноҳия симои тоза бахшида, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.


Вернуться назад