Главная > Навидҳо > Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид


25-01-2021, 14:31.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар маҷмӯъ 24 масъала, аз ҷумла 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус», «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Самадзода Т.Д.» ва «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.
Вернуться назад