Главная > Навидҳо > Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эътимоднома супорид

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эътимоднома супорид


7-12-2020, 16:58.
6 декабри дар Кобул маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросим Сафир дуруду паёми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расонид.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ибрози таманниёти нек барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таваҷҷуҳи хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкории дуҷониба ситоиш кард ва хоҳони тавсеаи бештари равобит дар ҳамаи заминаҳо миёни ду кишвари бародар шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва зарфияти то ҳол истифоданашуда имконоти фарохро ҷиҳати вусъатбахшии робитаҳо байни ду кишвар фароҳам меоваранд.
Вернуться назад