Главная > Навидҳо > Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд


25-11-2020, 15:21.

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ҳамроҳӣ намуд.


Вернуться назад