Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Иштироки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба ва малака дар Покистон баррасӣ гардид

Иштироки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба ва малака дар Покистон баррасӣ гардид


19-11-2020, 09:47.

Дар Исломобод вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо генерал Надим Ризо, Сардори Кумитаи сардорони ситодҳои артиши Покистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо ҳамкории пурсамари байни ду кишварро таъкид карданд. Изҳори умедворӣ шуд, ки ин ҳамкорӣ минбаъд низ тақвият ёфта, корҳои ба нақшагирифташуда марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд.

Ҳамасола иштирок намудани хидматчиёни ҳарбии кишвари мо дар давраҳои омӯзишӣ, табодули таҷриба ва малака дар Покистон мавзӯи дигари суҳбат буд.
Вернуться назад