Главная > Навидҳо > Вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми навъи «Безостая-100» ворид мекунад

Вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми навъи «Безостая-100» ворид мекунад


29-08-2020, 11:11.

Вилояти Суғд аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид мекунад. Ин масъала зимни сафари намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

25-26 август бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони вилоят бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғона сафар карда, бо роҳбарияти ин вилоят дидору гуфтугӯ анҷом доданд.

«Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилояти Фарғона таъкид гардид, ки Фарғона омода аст тухмии гандумро бо нархи нисбатан арзон, яъне 350 доллари ИМА барои як тонна пешниҳод намояд.​ Қарор шуд, ки ба вилояти Суғд 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид карда шавад», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Намояндагони вилояти Суғд ҳамчунин аз Корпоратсияи «Қӯқанд дон маҳсулотлари»-и шаҳри Фарғона боздид намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ ва воридсозии гандум ба вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки гандуми тухмии навъҳои серҳосил бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба вилоят ворид карда мешавад.
Вернуться назад