Главная > Навидҳо > Муъминобод: Сокинони деҳаи Ғофилобод бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

Муъминобод: Сокинони деҳаи Ғофилобод бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд


5-08-2020, 09:07.

Дар робита ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» 60 оилаи деҳаи Ғофилободи Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Корҳо дар ин самт ба тариқи ҳашар бо маром идома дошта, рӯзҳои наздик ба итмом хоҳанд расид.

Бояд гуфт, ки соли равон барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳоти ҷумҳурӣ ба корхонаҳои истифодабарии оби нӯшокӣ дар деҳоти Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот» барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагони деҳот ва чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 6 миллиону 300 м3 об интиқол дода шуд.
Вернуться назад