Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов барои ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ месозад

Соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов барои ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ месозад


8-07-2020, 11:31.
Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бинои нави таълимии Хонаи кӯдакони ятим бунёд гардида истодааст. Бинои мазкур аз 16 синфхона ва 4 утоқи кории омӯзгорон иборат мебошад, ки айни замон дар иншооти мазкур корҳои рангу бор идома дорад.

Тибқи иттилои соҳибкор, Ҷӯрабек Муҳибов бинои муасссиса дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода аз шароити таълиму тарбияи бошандагони Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакон ва рафти сохтмони бинои нави муассиса шинос шуда, иброз намуд, ки дастгирии ятимону бепарасторон аз самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, пайваста зери ғамхорӣ ва парастории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва дар ин ҳошия аҳли ҷомеаи мамлакат, бахусус, соҳибкорону шахсони эҳсонкор баҳри амали намудани сиёсати хайрхоҳонаи Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ятимону ниёзмандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Вернуться назад