Главная > Навидҳо > 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Россия ба Ватан баргардонида шуданд

680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Россия ба Ватан баргардонида шуданд


1-06-2020, 10:30.

Бо парвозҳои махсуси ширкати «Уральские авиалинии» 49 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ)-и Россия қарор доштанд, 29 май аз Москва ба Душанбе баргардонида шуданд. Бо парвозҳои мазкур инчунин 13 ҷасади шаҳрвандони мамлакат ба Ватан оварда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Россия аз МНМШХ-и он кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафар доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Вазорат корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури Сарвари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус (чартерӣ) ба/аз Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.


Вернуться назад