Главная > Навидҳо > Намоиши аксҳо: «Сулҳ аз ҳар яки мо сарчашма мегирад»

Намоиши аксҳо: «Сулҳ аз ҳар яки мо сарчашма мегирад»


4-04-2016, 13:16.

Дар намоишгоҳи мусаввараҳои Хуҷанд АРТ галереяи «Сомониён» намоиши аксҳо таҳти унвони «Сулҳ аз ҳар яки мо сарчашма мегирад» оғоз гардид.
Аксҳои дар намоиш гузошташуда ҳаёту зиндагии ҷавонону наврасон ва мардуми минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Исфараро, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳаданд, инъикос менамоянд.
Мақсади ташкил намудани ин намоишро Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон», ки масъули баргузории ин чорабинианд, тасвири сулҳу дӯстӣ ва рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ дар байни ҷавонон ва сокинони маҳалҳои наздисарҳадии вилояти Суғд арзёбӣ менамоянд.
То имрӯз намоишро беш аз 500 ҷавону наврас ва сокинони маркази вилоят тамошо намуданд. Намоиш мазкур дар доираи барномаи ташкилоти байналхалқии ҳифзи кӯдакон, ЮНИСЕФ, Сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд гузаронида мешавад.

Вернуться назад