Главная > Навидҳо > «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид


30-03-2016, 13:10.
-Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик»-ро бо теъдоди 5 ҳазор нусха интишор дод. Ба нашр расидани ҷилди аввали китоби мазкур барои муаррифӣ намудани арзишҳои маънавии миллати тоҷик нақши муассир дорад.
Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъана, урфу одат, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро бо таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд. Нашри ин китоб ва ҷилдҳои минбаъдаи он имкон медиҳад, ки дӯстдорони мероси фарҳангии халқи тоҷик бо ахбори наву мукаммал доир ба ҳунар ва маънавиёти мардум ошноӣ пайдо намоянд.
Вернуться назад