Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев: «Дар вилоят то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»

Муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев: «Дар вилоят то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»


6-04-2020, 11:22.

Дар вилояти Суғд то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Овоза ва хабару гузоришҳои паҳнгардида , ки гӯё дар вилоят гирифторони ин сироят ошкор гардидаанд, асоси воқеӣ надоранд. 13 нафаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз дирӯз ба карантин гирифта шудаанд, вазъи мӯътадил дошта, ташхиси онҳо нишон дод, ки ба бемории коронавирус гирифтор нестанд.

Ин нуктаро муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев имрӯз зимни баргузории брифинг дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.

«Ба карантин фаро гирифтани онҳо танҳо бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди беморхонае, ки дар онҳо одамон дар каратин қарор доранд, ба хотири зери назорати қатъӣ гирифтан истодани кормандони милиса, ин меъёри муқаррарӣ буда, дар тамоми дунё роиҷ аст. Аз ин чиз набояд ҳангома сохт», — афзуд Маъруфҷон Ҳоҷибоев.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Хуҷанд 6 муассисаи тиббӣ ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 муассисаи соҳаи тандурустӣ барои ба карантин фаро гирифтан омода мебошанд ва ҳамаи озмоишҳо оид ба сироятёбии COVID-19 ройгон ба роҳ монда мешаванд.

«Ҳамарӯза чораҳои пешгирикунандаи сироятёбӣ ба COVID-19 дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он пурзӯр карда мешаванд», — афзуд мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Вернуться назад