Главная > Навидҳо > Соҳибкорони шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ месозанд

Соҳибкорони шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ месозанд


24-02-2020, 13:54.

Дар робита ба саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорон як зумра корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Аз ҷумла, соҳибкорони вилояти Суғд дар ин ҷода саҳми намоён мегузоранд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба шаҳри Бӯстон сафари корӣ анҷом дод. Тавре зикр гардид, дар шаҳр аз тарафи соҳибкорон Илҳом Акрамов ва Эҳром Акрамов корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печон сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, дар корхона ​ то 300 тонна мех ва мехҳои печон истеҳсол мегарданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷом қарор дошта, соҳибкорон нақша доранд технологияҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайванро васлу насб намоянд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор Гулнора Оқилова дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ сохта мешавад. Корхона дорои тавоноии истеҳсоли қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 15 то 250 мм буда, дар масоҳати умумии 2400 метри мураббаъ сохта мешавад. Соҳибкор тасмим дорад, ки бо назардошти имконот дар оянда хатҳои иловагии истеҳсолӣ таъсис диҳад.

Раиси вилоят саҳми соҳибкоронро дар бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ назаррас арзёбӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки иншооти истеҳсолиро бо сифати баланд бунёд намоянд.

Тибқи иттилои масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудаанд.

Ҳамчунин, танҳо соли гузашта 32 иншооти иҷтимоӣ бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши онҳо зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру навсозӣ мегарданд.
Вернуться назад