Главная > Навидҳо > 31 январ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти иҷро баргузор мешаванд

31 январ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Хадамоти иҷро баргузор мешаванд


30-01-2020, 12:11.
31 январ оид ба ҷамъбасти соли 2019 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳанд.

Нишасти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 10:00 дар кумитаи мазкур доир мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм соати 11:00 ва Хадамоти иҷро соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Вернуться назад