Главная > Навидҳо > Дар Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсия доир мешавад

Дар Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсия доир мешавад


9-10-2019, 10:05.
Пагоҳ, 10 октябр дар пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ»Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 октябри соли 2019 ба имзо расид. Дар ин қарор Раиси шаҳр масъулини соҳаро барои дар сатҳи баланд доир намудани конференсияи мазкур вазифадор намудааст.

Мақсад аз баргузории ин конференсия татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пойтахти мамлакат буда, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, олимону адибон ва коршиносон иштирок ва маърӯза мекунанд.
Вернуться назад