Главная > Навидҳо > Дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид

Дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид


3-10-2019, 10:25.


Дар доираи корҳои ободониву ​ созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тилло Назархудоев меҳмонхонаи замонавии «ҲАЁТ» бунёд гардид.

Меҳмонхонаи «ҲАЁТ» аз се ошёна иборат буда, дорои 28 ҳуҷра, аз ҷумла 8 ҳуҷраи олӣ мебошад. Дар меҳмонхона барои истироҳату фароғати бароҳати меҳмонон ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, ҳаммоми мардонаву занона, ошхонаву қаҳвахона сохта шудааст.​

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ 600 000 сомонӣ масраф гардида, баъди ба истифода додани меҳмонхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона бунёди чунин иншоот ва фароҳамсозии шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳиро тадбири муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.​

Соли равон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 адад маҷмааи хизматрасонии дорои меҳмонхонаҳои муосир мавриди истифода қарор гирифта буд ва бо ифтитоҳи меҳмонхонаи «ҲАЁТ» шумораи меҳмонхонаҳои шаҳри Бӯстон ба 13 адад расид.​


Вернуться назад