Главная > Навидҳо > Ҷашни Артиши миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Ҷашни Артиши миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон


25-02-2016, 11:48.
Ҷашни Артиши миллӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон


23-юми феврал дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии идона бахшида ба рӯзи таъсиси Артиши миллӣ бо иштироки донишҷӯёни тоҷики Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон З. Саидов аз нақш ва таърихи таъсиси неруҳои мусаллаҳи кишвар сухан карда, нақши онро дар ҳифзи амнияту осоиши мардум ва суботи кишвари соҳибистиқлол, тақвияти давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки иштирокдорони чорабинии мазкур, ба вижа донишҷӯёни Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан ва миллату давлат бо ифтихор адо мекунанд ва тамоми донишу маҳорати хешро барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ равона месозанд.
Вернуться назад