Главная > Навидҳо > Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ба Тоҷикистон омад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО ба Тоҷикистон омад


14-06-2019, 22:24.
Шоми имрӯз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё /МҲТБО/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

15 июн Ҳасани Руҳонӣ дар панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Вернуться назад