Главная > Навидҳо > Таэквондочиёни навраси тоҷик дар шаҳри Самарқанд соҳиби 4 медал гардиданд

Таэквондочиёни навраси тоҷик дар шаҳри Самарқанд соҳиби 4 медал гардиданд


14-05-2019, 10:14.
Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори 4 медал – 1 тилло ва 3 нуқра гардиданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа бо иштироки варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ 11-12 май доир гардид. Медали тиллоро Шоҳрӯз Норов дар вазни 33 кг ба даст овард. Аъзам Ғаниев дар вазни 33кг, Муҳаммадризо Шукуров дар вазни 37кг ва Нурулло Муродов дар вазни 45кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.

Ба иттилои раиси федератсияи таэквондо Ҷаҳонзеб Қармишев, иштирок дар ин мусобиқа барои интихоби варзишгарони беҳтарин ҷиҳати омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин тибқи барномаи махсуси федератсия, варзишгарони беҳтарин ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 тайёрӣ мебинанд.

Қаблан таэквондочиёни навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Суйлиш Батир дар Қазоқистон 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Лутфулло Алишон дар вазни 73кг ҷои дуюм, Бахтовар Пулодов дар вазни 49кг ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ҷойҳои сеюмро сазовор гаштанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон Самад Амиршоев дар вазни 33кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Вернуться назад