Главная > Навидҳо > Ҳиммати соҳибкор

Ҳиммати соҳибкор


18-04-2019, 10:24.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар робита ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ду деҳаи дурдасттарини ноҳия хонаҳои саломатӣ ба истифода дода шуданд.
Зикр шуд, ки амали мазкур бо мақсади боз ҳам обод кардани ҳар як деҳаву маҳали аҳолинишини шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва дар ин замина боз ҳам наздик кардани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, дарёфти саривақтии беморон ва солимгардонии онҳо роҳандозӣ гардидааст.
Аз ҷумла, чанде пеш дар деҳаи Кӯҳсори Ҷамоати деҳоти Чашмасор, ки аз маркази ноҳия дар дурии 85 км ҷойгир буда, дар 65 хоҷагии он 420 нафар аҳолӣ истиқомат доранд, хонаи саломатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.
Хонаи саломатӣ бо ташаббуси соҳибкори деҳа Назар Ахмедов бунёд шудааст. Ин соҳибкор як қисми ҳавлии истиқоматии худро барои сохтмони хонаи саломатии деҳа ҷудо намуда, аз ҳисоби маблағҳои барои сафари навбатии Ҳаҷ ҷамъкардааш дар деҳа бинои сеҳуҷрагии хонаи саломатӣ бунёд намуд. Дар навбати худ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хонаи саломатии мазкурро бо лавозимоти аввалиндараҷаи тиббӣ таъмин намуданд.
Вернуться назад