Главная > Навидҳо > Бахшида ба Рӯзи Модар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор мегардад


7-03-2019, 13:09.
Имрӯз, 7 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин барномаи фарҳангӣ занону духтарони фаъоли пойтахт иштирок менамоянд.

Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, сипас бо иштироки устодони санъат барномаи фарҳангӣ манзур мегардад.
Вернуться назад