Главная > Навидҳо > ХУШХАБАР! Дар арафаи Соли нав нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поин оварда шуд

ХУШХАБАР! Дар арафаи Соли нав нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поин оварда шуд


31-12-2018, 12:14.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар арафаи Соли нави мелодии 2019 нархи сӯзишвориро дар биржаҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, хулосаи худро пешниҳод намуд. Тибқи он, дар бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла газу бензин ва солярка то 10 дарсад поин оварда шуд.

То инвақт дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як литр гази моеъ то 4 сомониву 40 дирам, як литр бензини навъи 92 то 7 сомониву 90 ва бензини навъи 95 то 8 сомониву 20 дирам фурӯхта мешуданд. Ҳоло нархи як литр гази моеъ 4 сомонӣ ва бензин вобаста ба навъҳояш аз 7 сомониву 50 дирам то 7 сомониву 80 дирам муқаррар шудааст.

Қабл аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими нархи маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ қарор қабул карда буд, ки он барномаи қаблии зиддибуҳрониро иваз мекунад ва аз 24 банд иборат аст. Яке аз бандҳои қарор идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистонро муваззаф мекунад, то нагузоранд, ки нархи маводи муҳими итимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ якбора баланд шавад.


Вернуться назад