Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/i/infoxpcl/tajsohtmon.tj/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 209 Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/i/infoxpcl/tajsohtmon.tj/public_html/engine/modules/sitelogin.php on line 110 DataLife Engine > Версия для печати > Форуми байналмилалии соҳибкорони СҲШ дар Маскав
Главная > Навидҳо > Форуми байналмилалии соҳибкорони СҲШ дар Маскав

Форуми байналмилалии соҳибкорони СҲШ дар Маскав


5-12-2015, 10:55.

Дирӯз дар Донишгоҳи иқтисодии ба номи Плеханови Маскав Форуми панҷуми байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Иштирокдорони форум ҳамкории иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ ва роҳҳои ҳамгироии байналмилалӣ дар доираҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва БРИКС - ро муҳокима намуданд.
Намояндаи махсуси президенти ФР оид ба умури СҲШ Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт, ки «СҲШ 18 кишварро фаро гирифта, вале маркази ҳамгироӣ набуда, балки созмонест, ки дар он ба татбиқи барномаҳои мухталиф диққат дода мешавад».
«Тоҷикистон яке аз асосгузорони СҲШ буда, ба таври ҳаққонӣ яке аз унсурони асосӣ дар сохтори созмони мазкур ба шумор меравад. Тоҷикистон нерӯи бузурги иқтисодӣ ва барои рушди иқтисодиёташ имкониятҳои истифоданашуда дорад. Иштироки Тоҷикистон дар чунин равандҳои ҳамгироӣ барои истифодаи ин нерӯҳо имконият фароҳам меорад», - гуфт Денис Тюрин, директори Клуби соҳибкорони СҲШ.
Дар ҷараёни форум ҳамчунин масъалаи ҳамкории стратегӣ дар бахши энергетика муҳокима шуд. Иштирокдорон изҳори ақида намуданд, ки ҷалби сармояҳои Чин ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба соҳаи энергетики кишварҳои аъзои СҲШ метавонад фазои СҲШ - ро боз ҳам васеътар намояд.
«Клуби энергетикии давлатҳои аъзо ва мушоҳидону мушорикони иштироккунандаи муколамаи СҲШ бояд маркази расмӣ барои муоширати намояндагони ҳукуматҳо, ҳамчунин соҳибкорон ва доираҳои илмии ҳамаи кишварҳое гардад, ки хоҳиши ҳамкории энергетикӣ дар доираҳои СҲШ - ро доранд. Ин самараи маблағҳои барои лоиҳаҳои муштарак истифодашударо, бешубҳа, афзун менамояд», - изҳор дошт Одил Сангов, намояндаи бахши миллии Ҳамкории соҳибкорони СҲШ ҶТ дар ФР.
Намояндаи Тоҷикистон зимни суханрониаш ҳамчунин дар мавриди ҳамкории иқтисодӣ пешниҳод ироа намуд.
«Мо барои татбиқи лоиҳаҳо бояд манбаъҳои маблағгузории худро дошта бошем. Ин вазифаро бояд механизмҳои маблағгузорӣ ба фаъолияти лоиҳавӣ иҷро намоянд. Имрӯз якчанд консепсия баррасӣ мешавад. Аввалан, ин пешниҳод дар бораи кушодани Суратҳисоби махсус ё Хазинаи рушди СҲШ барои қарздиҳӣ ҷиҳати аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснок намудани лоиҳаҳо мебошад. Сониян, ин иборат аз таъсиси Бонки калони рушди СҲШ мебошад, ки бояд барои татбиқи лоиҳаҳо қарз диҳад. Вале ин ҳанӯз нақша аст. Иттиҳоди соҳибкорони СҲШ худи имрӯз ба қарзҳои имтиёзнок эҳтиёҷ дорад. Ҳалли масъалаи мазкур татбиқи бисёр лоиҳаҳои ояндадор барои минтақаи СҲШ - ро муайян мекунад», - гуфт Одил Сангов.
Вернуться назад