Главная > Навидҳо > Сохтмони 7 мактаби миёна то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Сохтмони 7 мактаби миёна то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ


27-11-2015, 14:50.
Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна ҳамчун муассисаи давлатӣ соли 1999 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сохтмон ва таҷдиди биноҳои нотамоми мактабҳои миёна, ки асосан аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда буданд, таъсис шудааст.
Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ду марҳилаи лоиҳаро дар ҳаҷми умумии 23,0 миллион доллари ИМА пурра таъмин карда, дар айни замон татбиқи марҳилаи 3-юми лоиҳаи мазкур, ки дар доираи он 7 бинои мактаби миёна дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷакент, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Панҷ, Ҳисор ва Шуғнон бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, идома дорад.
Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Вернуться назад