Главная > Навидҳо > Ёвон: майдончаи варзишӣ-туҳфа ба ҷашни Парчам

Ёвон: майдончаи варзишӣ-туҳфа ба ҷашни Парчам


23-11-2015, 09:55.
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Амирбеки Темур майдони варзишӣ барои футболи хурд ба истифода дода шуд. Майдони мазкур аз ҳисоби соҳибкор Сиёвуш Боев бо маблағи беш аз 270 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Инчунин ба ифтихори ин санаи таърихӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон рӯзҳои 21 ва 22 ноябри соли равон дар ноҳия баргузор гардид, ки ба ғолибони ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Вернуться назад