Главная > Навидҳо > “МАРҲАБО БА СУҒДИ БОСТОН!”. Таҳти ин унвон дар шимоли мамлакат Фестивали сайёҳӣ оғоз гардид

“МАРҲАБО БА СУҒДИ БОСТОН!”. Таҳти ин унвон дар шимоли мамлакат Фестивали сайёҳӣ оғоз гардид


28-06-2018, 10:17.
Субҳи имрӯз иштирокдорони Фестивали минтақавии сайёҳии “Марҳабо ба Суғди бостон” аз шаҳри Душанбе озими вилояти Суғд шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд аз 28 июн то 2 июли соли 2018 Фестивали фарҳангиву сайёҳии “Марҳабо ба Суғди бостон” баргузор мегардад.

Дар Фестивали минтақавии сайёҳии “Марҳабо ба Суғди бостон” намояндагон аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд ва субҳи имрӯз аз шаҳри Душанбе озими вилояти Суғд шуданд.

Тибқи нақшаи фестивал, иштирокчиён тайи 4 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии вилояти Суғд дидан намуда, дар барномаи калони фарҳангию ҳунарӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Исфара ширкат меварзанд.

Ҳадафи фестивали мазкур рушди сайёҳии дохилӣ, таҳкими дӯстӣ миёни сокинони манотиқи мухталифи кишвар ва муаррифии захираҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад.


Вернуться назад