Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода корҳои мумфаршкунии 8 км роҳ оғоз ёфт

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода корҳои мумфаршкунии 8 км роҳ оғоз ёфт


13-05-2023, 15:28.

Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 май дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода корҳои мумфаршкунии 8 км роҳи байни деҳаҳои Шарқиён ва Файзбахш оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шуда, барои босифат анҷом додани мумфаршкунии роҳ техникаҳои Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода ва корхонаҳои коркарди қуму шағал ҷалб карда шуд.

Сокинони деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ низ бо ҷонибдорӣ аз ин иқдоми нек ба корҳои роҳсозӣ кумак менамоянд.

Дар баробари ин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ният дорад, ки рӯзҳои наздик таъмири ҷории боз 6,5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва маркази шаҳрро ба роҳ монад.
Вернуться назад