Главная > Навидҳо > Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Файзобод

Таҷлил аз ҷашни Сарқонун дар Файзобод


9-11-2015, 10:21.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба 21- солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мачлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамъияти ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳия ҳозиринро бо ин санаи тақдирсоз табрик намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии сарқонуни кишвар сухан гуфт. Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Сарқонуни ҷумҳурӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва собиқадорону фаъолон маърӯза карданд.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идона хотири аҳли нишастро шод гардонданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни 21 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯрию маҷлисҳои тантанавӣ доир шуданд.

Вернуться назад