Главная > Навидҳо > Дар ноҳияи Қубодиён барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор бунёд мегардад

Дар ноҳияи Қубодиён барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор бунёд мегардад


3-02-2023, 15:34.
Дар ноҳияи Қубодиён барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор бунёд мегардадДар Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон барои хизматчиёни давлатӣ бинои 45-ҳуҷрадор сохта мешавад. Бинои мазкур яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад. Дар айни замон пӯшонидани боми бино ва корҳои пардозгарии он идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Фармоишгари бино «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар майдони 0,60 га замин бунёд гардидааст.

Бинои мазкур аз ҷониби пудратчии асосӣ ҶДММ «Парвиз-92» сохта шуда, бунёди он соли 2019 бо маблағи сметавии 185 00 000 сомонӣ оғоз гардидааст. Дар айни замон дар сохтмон қариб ба маблағи 9 000 000 сомонӣ корҳо аз худ карда шудаааст.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ намуд.

Номбурда бо корҳои сохтмонии бинои истиқоматии 45-ҳуҷрагӣ аз наздик шинос шуда, барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ супориш дод.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон



Вернуться назад